
Санаи 24- октябри соли 2017 дар ташкилоти ибтидоии «Орзу»-и Таваллудхонаи №3 шаҳри Душанбе зери унвони «Аъзои ҳизбро иродаи қавӣ мебояд!» дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша- чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинии мазкур Носирҷон Мирзоев - муовини раис-роҳбари Дастгоҳ, Абдумаҷид Муминов – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Санавбар Акобирова – сартабиби таваллудхона, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал, Санавбар Акобирова – сартабиби таваллудхона, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ атрофии фаъолияти таблиғотию ташвиқотии ташкилот баҳри дар амал татбиқ кардани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешарони кард.
Сипас, Носирҷон Мирзоев - муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни чорабинӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо амали намудани ҳадафҳои созандаи Оинномавию барономавии худ дар пешравию дастовардҳои кишвар саҳмгузор мебошад, зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз замоне, ки ба майдони сиёсии кишвар қадамҳои нахустини худро ниҳод, зери роҳбарии Раиси муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум саъю талош намуда истодааст. Дар ин замина мо ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтихор аз он дошта бошем, ки аъзо ва пайрави чунин як ҳизби пешқадами ҷомеаи хеш мебошем, ки ба ақидаи солими аъзояш такя намуда, ҷомеаро ба сӯи созандагию бунёдкорӣ ва барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ месозад.
Ҳамчунин зимни чорабинӣ дар бораи рафти иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ва дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ андешарониҳо карда шуд ва аз аъзоёни ҳизб хоҳиш карда шуд, ки дар ин роҳ ҳамчун аъзоёнии содиқи ҳизб бо иродаи қавии худ фаъолияти намунавӣ дошат бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба 14 нафар кормандони таваллудхона, ки бори аввал мавқеъи худро муайян намуда ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.