
Панҷ. Дар Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси васеи ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки омўзгорон, фаъолони ҳизб оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пшвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ба ҷамъомад муовини раиси ноҳия Ш.Асомиддинзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ё.Носиров ба сухан баромада қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, қонуни мазкур ва тағйиру иловаҳои ба тозагӣ ба он воридшударо аксарияти мардуми Тоҷикистон дастгирӣ намуданд. Ба қонуни мазкур як қатор меъёрҳои нав қабул шудааст, ки танҳо барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ равона буда, мусоидат барои паст кардани сат
ҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ мебошад.
Ҳамзамон, сухан оиди гузаронидани бештари ҷашну маросимҳо дар муҳити оила, ки он ба мустаҳкам намудани сатҳи оилавӣ кўмак мерасонад, эҳтироми забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба расму русуми миллӣ, аз ҷумла сару либоси миллӣ, маросимҳои қайди давлатии ақди никоҳ ва саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас баррасӣ гардид.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба посухҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Атавуллоева З.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ