Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Танзим – кафолати зиндагии шоиста

Танзим – кафолати зиндагии шоиста

20-10-2017, 09:54
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Танзим – кафолати зиндагии шоиста


Панҷ. Имрўзҳо тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ омўзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохўрию сўҳбатҳо идома дорад. Ин вохўриҳо нишон медиҳанд, ки кулли мардум ҷонибдори чунин қонуни ҳаётӣ мебошанд. Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронда шудааст.
Рўзҳои 18 ва 19 октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҷамоати деҳоти «Намуна» ва «Меҳвар»-и ноҳия ҷињати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тоҷикистон» вохурӣ ба аҳли сокинони ин ҷамоатҳо баргузор гардид.
Қайд шуд, ки ҳадаф аз танзими ҷашну маросимхо ин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар буда, дар муддати 10соли охир самараи неки худро аллакай ба бор овардааст. Ин тадбири некбинонаи Пешвои миллат ба ҳар як хонадон ва дар маҷмўъ ба Тоҷикистон файзу баракат меорад.
Ҳамзамон, раиси КИН Ё.Носиров зимни суханрониҳо оди пешгирии шомилшвии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои террористию ифротгаро, ичрои талаботи Ќонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», таблиғи либоси миллӣ ва даст кашидан аз фарҳанги бегонапарастӣ, ки барои миллати мо манфиат надорад, таваққуф намуд.
Чунин вохўриҳо минбаъд низ дар дигар ҷмоатҳои деҳот баргузор мегарданд.


Атавуллоева З.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: