Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯзи кинои тоҷик дар ноҳияи Деваштич

Рӯзи кинои тоҷик дар ноҳияи Деваштич

18-10-2017, 08:57
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи кинои тоҷик дар ноҳияи Деваштич
Тибқи нақша-чорабинии Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд баҳри сазовор таҷлил намудани «Соли ҷавонон» аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияву шӯъбаи маориф дар хонаи фарҳанг боз як чорабинии маърифативу фароғатӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда, бо ҷалби наврасону ҷавонони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва шаҳраки Ғончӣ гузаронида шуд ва дар он филми ҳунарии истеҳсоли «Тоҷикфилм» бо номи «Салом, Гулнора Раҳимовна» намоиш дода шуд. Боиси тазаккур аст, ки филми мазкур соли 1986 ба навор гирифта шуда, муаллифи он Абдураҳим Қудусов мебошад ва дар он ҳаёту фаъолияти омӯзгори мусиқии муассисаи таълимӣ нақшбандӣ гардида, дар хотимаи намоиш аз ҷониби тамошобинони ҷавону наврас нисбати филми мазкур ва ташаббускорони намоиши он изҳори миннатдорӣ баён гардид.

Лоиқ Тӯйчиев – корманди Кумитаи иҷияи
ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: