Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Чашми дил-бино

Чашми дил-бино

16-10-2017, 09:36
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
Чашми дил-бино
Ҳамасола дар кулли мамлакатҳои дунё санаи 15 октябр ьамчун Рӯзи байналмилалии «Асои сафед», ки ифодагари ҳамраъйӣ ва дастгирии шахсони нобино мебошад, таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон низ ин рӯзро ба хотири дастгирии ин табақаи ниёзманди аҳолӣ ҷашн мегиранд. Дар дунё неъматҳое ҳастанд, ки бебаҳо мебошанд. Аз ҷумла, тандурустӣ, ки комил будани он бидуни биноиш ё қувваи босира имконнопазир аст. Мо дар рӯзгори пурталотум ва пурмоҷаро, ки ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия ном дорад, зиндагӣ дорем ва ҳамарӯза шоҳиди садҳо ҳодисаҳои нохуш ва падидаҳои сурурангез мегардем, ки ин боиси ҳам рӯҳафтодагӣ ва ҳам шодии мо мебошад. Нобиноён, ки қобилияти дидани ҳамаи ин воқеаҳоро надоранд, дар баробари маҳдуд будани имконияташон осудахотир нестанд. Онхо бо чашми дил эҳсос мекунанд, ки дар ин ё он минтақа ҷанги хонумонсӯз рафта истодаасту тақдири чандин нафарон дар ин гирудорҳо ба қавле ҳал мегардад. Аъмоён тамоми гиру дори корзори зиндагиро бо нигоҳи дил арзёбӣ карда, ба қавли устод Рӯдакӣ ба ҷаҳон бо чашми хирад менигаранд ва баҳои воқеии рӯзгори инсонро медиҳанд.
Асои сафеди нобиноён шахсони бино ва солимро ҳушдор медиҳад, ки бояд ба қадри зиндагию зебоиҳои он бирасанд ва дар фурсати кӯтоҳи он пайваста амали хайрро анҷом диҳанд.
Имсол бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва тибқи нақшаи кории шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия бахшида ба рӯзи Аъмоён санаи 14 октябри соли ҷорӣ чораҷӯии адабӣ-фарҳангӣ дар Маркази тавонбахшии Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Чашми дил-бино» баргузор гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони фаъол ва эҷодкори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд. Ин ҳамоиши фарҳангц барои нафароне, ки воқеан дунёро бо чашми дил мебинанд, хеле болидахотир намуд ва оньо аз ин иқдом хеле шоду рӯҳбаланд гаштанд.
Роҳбари ҷамъият дар поёнии маьфил миннатдории самимонаи худро ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои дастгирии ҳамаҷониба дар баргузории чорабинии мазкур расонида, иброз намуд, ки - Ман бовар мекунонам, ки мо низ дар навбати худ сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизби созанда ва бунёдкор- ҲХДТ-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва баҳри ободию шукуфоии кишварамон саҳми назарраси худро мегузорем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: