Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ба даст овар диле, то метавонӣ…»

«Ба даст овар диле, то метавонӣ…»

16-10-2018, 10:30
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
 «Ба даст овар диле, то метавонӣ…»
Ҷавҳари талошу заҳмат ва ташаббусҳои хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама дар ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони яккаву танҳо ва дастгирии иҷтимоии эшон таҷассум ёфта, яке аз самтҳои муҳим ва аввалиндараҷаеро сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад.
Ёрии амалӣ ва мусоидат ба қишри ҷомеае, ки аз лиҳози сиҳатӣ ниёз ба дастгирии ҳамаҷониба доранд, дар сархати барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳамасола дар кишвар 15-уми октябр чун Рӯзи ҷаҳонии «Асои сафед» - нобиноён ҷашн гирифта мешавад, ки шаҳодат аз ҳифз ва таваҷҷӯҳи ҳукумату давлат нисбати ин тоифаи мардум арзёбӣ мегардад.
Аъзоёни Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шукргузорӣ аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат тантанаи идона барпо намуданд. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси марказ Ҷалилов Абдусаттор оғоз ёфт.
Ҳамзамон намояндагони Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ва Маҳмадсалим Ҳаитов иштирокдорони чорабиниро бо рӯзи ҷаҳонии «Асои сафед» шодбод гуфта, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд ва ёдовар шуданд, ки Президенти кишвар таваҷҷӯҳи хоса нисбати эшон изҳор менамоянд ва бар ин андешаанд: «Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагиро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.»
Дар хотимаи чорабинӣ ҳофизон бо сурудани сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: