Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Сарбанд хотираи фарзандони фарзонаи диёрро гиромӣ медоранд

Дар Сарбанд хотираи фарзандони фарзонаи диёрро гиромӣ медоранд

5-10-2017, 13:37
Хабарро хонданд: 130 нафар
Назарҳо: 0
Дар Сарбанд хотираи фарзандони фарзонаи диёрро гиромӣ медоранд
Шаҳри Сарбанд яке аз шаҳрҳои зебоманзар ва рушдкардаи мамлакати азизамон маҳсуб меёбад. Дар ин диёри зархез мардумонаш бо заҳматпеша будан ва баланди миллӣ ном баровардаанд. Тинҷию амонӣ, рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоӣ ва интихоби роҳи дурусту сиёсати созандаи ҳукумати мамлакатамон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва пойдори сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссарамон шудааст. Ҳамин аст, ки тақрибан ҳар рӯзи ҳаёти мардуми шарифи мамлакат ба ид табдил ёфта, замоне фаро расидааст, ки орзӯю хоҳишҳояшон бемамоният ва бедушворӣ ҷомаи амал мепӯшад.
Соли 2017 барои мардуми шарифи кишварамон соли навигариҳо ва созандагиҳо буда, барои пешрафту ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистони барои ҳамаамон азиз замони мусоид фароҳам омадааст.
Ҳукумати мамлакат аз аввали таъсисёбиаш то кунун ҷиҳати қадрдонӣ ва ҷовидона гардондани номи шахсиятҳои барҷаста, маъруф ва барои миллату давлат хизматҳои арзанда баанҷомрасонда иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намудааст, ки шоистаи таҳсин мебошад. Чунончӣ кӯчаю гулгашт, муассисаю корхонаҳо, шаҳру ноҳия, мавзеъҳои таърихиро бо номи чунин шахсиятҳо мегузоранд ва бо ин васила хизмату саҳми барои рушди ҳаёти ҷомеа, имрӯзу фардои мамлакат гузоштаи онҳо қадрдонӣ ва абадӣ гардонда мешавад. Бо ин васила ҳисси ифтихор, дилгармӣ ва нигоҳи нек ба ояндаи босаодат дар ботини мардум алалхусус ҷавонону наврасон бедор карда мешавад. Дар вобастагӣ ба ин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд барои гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқи Ватан Давлатҷон Гиёев, Содиқҷон Каримов ва Аброр Зоҳир бо қарори якҷояи хеш литсейҳои давлатии рақами 1 ва 2 - и шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 - ро бо исми онҳо номгузорӣ намуданд.
Давлатҷон Гиёев ва Содиқҷон Каримов ин ду ҷавони диловар чанд сол муқаддам зимни адои хизмати Модар - Ватан дар деҳаи Камароби ноҳияи Рашт бо гурӯҳи террористон, ки қасди ноором кардани авзои ҷомеаро доштанд, рӯ ба рӯ омада, барои пойдории Истиқлолият ва оромиву осудагии ҳаммилатони худ сина сипар намуданд. Ин рӯзе буд, ки бадхоҳон муқовимати сахти диловарони ватанро бо чашми сар диданд. Ин рӯзест, ки ҳамеша ҳамчун муборизаи беамони фарзандони баору номуси тоҷик ба муқобили бадхоҳони миллат дар хотираҳо сахт нақш бастааст. Ин ду ҷавон дар дил орзую мақсадҳои зиёди наҷиб доштанд, аммо бадхоҳони миллат ин орзӯю ормонҳои онҳоро бо тири заҳрогини худ дар нимароҳ монданд.
Имомов Аброр Зоҳирович, тахаллуси адабиаш Аброр Зоҳир 15 январи соли 1965 дар деҳаи Боҳтурободи Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - и шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» сар карда, соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1989 ба итмом расонда ва ҳамон сол дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Сипас дар кумитаи Комсомолии вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» ба ҳайси сардори раёсат кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 1998 то соли 2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000 - 2004 директори телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004 - 2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм», солҳои 2005 - 2007 сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007 - 2012 директори китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва аз соли 2012 то соли 2015 директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» - и шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи киноматаграфистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии матбуоти Тоҷикистон мебошад. Аброр Зоҳир муаллифи даҳҳо китоб; аз ҷумла 30 роман, 20 повест, очерку ҳикояҳои зиёд ва филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ ва театрӣ мебошад. Романҳои серхонандаи ӯ «Майдон», «Душанбе», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Шикасти зулмот», «Муҷассамаи ишқ», «Васвасаи дунё», «Мунтасир», «Бозгашт», «Арсаи набарди гургон», «Нӯхтаи нафс», «Ёри ғор», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Дар ҷилди одам», «Охирин сайди сайёд», «Коммунист», «Муқовимат», «Хокпайванд» ва монанди ин буда, инчунин, кӯҳи дастхатҳои номатбӯъ дорад.
Аброр Зоҳир яке аз адибони сермаҳсул ва рангинхаёли замони соҳибистиқлолии тоҷик буда, умдатан, ба мавзӯъҳои номакшуф, ҷолиб ва мубрам дахл намудааст. Дар асарҳо асосан ба дунёи ботинии персонажҳо дахл мекунад ва бо тобишҳои гуногун онро ба риштаи тасвир мекашад. Ӯ дар нигориш ба сабки асарофарии адибони амрикои лотинӣ майл мекунад ва ба масоили глобалӣ дахл намуда, ба он аз дидгоҳу манофеи миллӣ нигариста, моҳиятан рӯҳи миллиро ба риштаи тасвир мекашад. Асарҳои номбурда таҷассумгари рӯҳия ва маънавиёти миллати тоҷик буда аз ғаразҳои шахсию гурӯҳӣ орӣ мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ӯ яке аз ташаббускорони таъсиси яке аз муассисаҳои бонуфузу муҳими пойтахт - Муассисаи Давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» - и шаҳри Душанбе ба шумор мерафт ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба фаъолияти бонизом гузаштани он ва то рӯзи вафот сарварии ин Муассисаро ба зимма доштааст. Соли 2013 дар назди Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» - и Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маҷаллаи илмӣ - оммавӣ ва бадеӣ - публисистии «Душанбе» - ро таъсис дода, аз нахустин сармуҳарирони он буд. Ин маҷалла ҳамчун минбари эҷодкорони пойтахт маъруфият пайдо кардааст ва то кунун ба табъ мерасад.
Ҳаёт ва эҷодиёти ӯ дар қомусҳои (энсиклопедияҳои) гуногун сабт шудааст, алалхусус дар «Қомуси миллии Тоҷик», ҷилди 1, «Қомуси адабиёт ва санъати тоҷик», «Донишномаи телевизион ва радиои Тоҷикистон», китоби «Таърихи Боҳтуробод» сайтҳои соҳавии интернетӣ, хусусан «Википедия - донишномаи озод» сабт гардида, доир ба эҷодиёту ҳаёташ (мазмуну муҳтавои асарҳояш) тақризу тафсирҳои зиёде дар матбуоти даврӣ, ба табъ расидаанд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд бо ин ташаббуси наҷиби худ баҳри гиромидошти фарзандони номбардори диёр ва бо ин васила ҷиҳати татбиқ ва идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштанд. Масъалаи ба номи Аброр Зоҳир гузоштани мактаби миёнаи № 4 - и шаҳри Сарбанд чанде пеш дар расонаҳои хабарии мамлакат ба таври густурда инъикос ва ташвиқ шуда буд. Ҳамовозӣ аз тарафи воситаҳои иттилоотрасони бонуфузи кишвар «Ҷумҳурият» сабаб шуд то ин пешниҳодро маҷлиси вакилони халқи шаҳри Срнд ва Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон баррасӣ ва тасдиқ намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: