Ду тарона2-09-2017, 11:38
Хабарро хонданд: 428 нафар
Назарҳо: 0
Имшаб дар афлоки тори руъёохоям гузаштаи дур падидор гашта ....Атри сафедпуши шукуфаи хаёлам бар машомам накхату таровати хуши зиндагиро меорад Ва, боз дар калбам осоише намонда ва ман бо дили захмин ва тани ранчур рахнаварди шохрохи олами максудам. Дар кулвори сафариям танхо мухаббатро туша гирифтаам. .....Гургони чилламасти андешахоям дар навои сарди боди зимистони месароянду мераксанд ва мунтазир ба хамлаанд. Дар сояи садо ва ракси онхо магарам замин ба ларза меояд, аммо ман хароси шабгир ва садои гургонро надорам. На...наям туъмаи онхо .ки чун гусфанде аз навхаи сагонаву авзои девонаашон тур бигирам. Агарчи захминам тавон дорам ва ин тавонам губори синаамро сухта санг кардааст . Кучо гургро майли шикастани санг бошад... @@@@@@@@@@@@@@@@@ Шаб селаи гургони бадкеш маскани хаёламро рахна каданд аммо хайбати сайёдиям онхоро тур дод...ва хомушона фирор карданд Гусфандони чиллабурру баррачахои ширмасти омолам эмин монданд ... Хуруси кампири Сафармох субхи козиб фарёд зада аз элчааш берун шуд. Хурус бо садои дилхарош куд- кудкунон мокиёнхояшро дунболаш мехонд. Берун баромадам ва садои гиряи шаб ба гушам расид.Оби чашмонашро ба руйи барги гулхо дидам.Дилам тах кашид ва вучудам саропо сухт. Ай шаб..ай маликаи ишк. ..ай ранги абадият бароям неруе бахш то дар сояи он эмин монам.. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.