Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷанги нави қавмию мазҳабӣ

Ҷанги нави қавмию мазҳабӣ

25-09-2017, 09:16
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Ҷанги нави қавмию мазҳабӣ
Дар ҷаҳони муосир давлатҳои абарқудрати манфиатҷӯ, бо амалҳо ва тарғиботи таққалубиву фитнаангези хеш ҳаёти ороми мардуми сайёраро халалдор месозанд.
Мусаллам аст, ки имрӯз ақсои оламро нобасомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фарогир шудааст. Ба хусус, ҷангҳои шахрвандӣ дар мамлакатҳои исломии Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ғайра дар асоси омилҳои этникию мазҳабӣ сурат гирифтаанд. Ва ҳамаакнун оташи фитнаангези куштору разолат дар давлати Мянма авҷ гирифтааст, агарчи тӯли даҳсолаҳо боз дар ин мамлакат ҷанги қавмию мазҳабӣ ҳукфармост, аммо то ҷое он «паси парда» ниҳон монда буд. Акнун аз чӣ бошад, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба монанди ИМА, Англия, Фаронса, Олмон дар садҳо расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетии худ пайваста ҳодисоту воқеоти дар Мянма рӯй додаро аз будаш зиёдтар инъикос намуда, аз беадолативу носозгорӣ ҳарф мезананд.
Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар ин расонаҳо ҳодисоту воқеоти дар Мянма рӯй додаро воҳимаосо даҳчанд карда, пешниҳод мекунанд. Баъзан ахбору аксҳои қалбакии марбут ба «наслкушии мусалмонон» дар Твитер пешниҳод мегарданд, ки мазмуни ғаразнок ва балвоангез доранд. Агарчӣ чунин кушторҳо борҳо аз ҷониби силоҳбадастони радикалии исломӣ ва намояндагони дигар мазҳабҳои динӣ пештар рӯй дода буданд. Истифодаи аксҳои тақаллубӣ ва қаблан гирифта шуда, ба хотири низоъ ангехтан ва ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аммо дар асл чунин куштор ва низоҳои мазҳабӣ 60-сол боз дар давлати Мянма идома доранд. Ин ҷо масали мардумии «дар таги коса нимкосае ҳаст» ба хотир мерасад.
Ҳамвора садҳо расонаҳои хабарии дунёи иттилоот мерасонанд, ки ниҳодҳои мазҳабии тундрав, минҷумла будиён аз пайи нест кардани мусалмонон шудаанд, ки онро геносид меноманд. Аммо геносиди мусалмонон дар Мянма даҳсолаи шашум аст, ки идома дорад. Инак, дар зери мафҳуми геносид ду дини маъмули дунёиро дар майдони ҳарбу зарб ба ҳам муқобил мемонанд. Албатта ин ҳама ихтилофоти динӣ агар аз як тараф нигоҳи мазҳабӣ бошад аз ҷониби дигар гуруҳҳое ҳастанд, ки аз ин ҳама нобасомониҳо манфиат мебинанд.
Ҳамаи ин нобасомониҳову ноамниҳои мамлакати Мянмаро қисми зиёди давлатҳои дунёӣ падидаи муғризона ва номатлуб донистанд. Аз он ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳодисоти дар ин давлат рӯй дода истодаро маҳкум намуда, онро геносиди давр ва амали фитнаангез ҳисобиданд.

Геносид чист?

Геносид (аз забони юнонӣ γένος — қавм, авлод ва аз забони лотинӣ caedo — мекушам) мафҳумест, ки таърихи қадима дорад. Ҳанӯз соли 1948 геносид аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун ҷинояти вазнини умумибашарӣ ҳисобида шуд. Дар таърихи зиндагиномаи инсонӣ борҳо ҳодисоти номатлуби геносидӣ дар пояҳои миллӣ, қавмӣ-мазҳабӣ ба вуқуъ омада, садҳо ҳазор мардумони қавму миллатҳои гуногун нобуд карда шуданд.
Маъмултарин кушторҳои геносиди дар асри бист, аз ҷониби Империяи Усмонӣ солҳои 1915-1923 нест кардан ва рондани хрестяниҳо, арманиҳо ва солҳои 1941-1945 аз тарафи Олмони фашистӣ нобуд кардани мардуми яҳудитабор буд.
Инак, боз геносид дар пояи динӣ, дар ҷумҳурии Мянма, собиқ Бирма, ки он дар қисмати ҷануби шарқии Осиё, дар нимҷазираи Ҳиндухитой ҷойгир аст. Имрӯз мусулмонони ин кишвар, ки ҳамагӣ 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, сари шиканҷа ва куштору зулму истибдод қарор доранд.
То имрӯз зиёда аз 400 нафар дар ин гирдбоди ҳалокатовар нобуд гардида, қариб 20 ҳазор нафар ба мамлакати ҳамсоя- Бангладеш фирор намудаанд.

Давлати Мянма
Ҷанги нави қавмию мазҳабӣ

Давлати Мянма то соли 1989 ҳамчун Ҷумҳурии сотсиалистии Бирма шинохта мешуд ва зиёда аз 68 фоизи аҳолии ин давлат бирманҳо мебошанд. Давлати мазкур тақрибан 60 миллион аҳолӣ дорад ва бо Чин, Ҳиндустон, Бангладеш, Лаос, Таиланд ҳамсарҳад аст. Мянма давлати нимэтникӣ буда, дар он зиёда аз сад халқияту миллатҳо ба сар мебаранд.
Мардуми маҳаллии он мониҳо мебошанд, ки ҳанӯз аз давраҳои хеле куҳан ин ҷо маскан доштанд ва яке аз аз шохаҳои динӣ будоиро парастиш мекарданд. Баъдан ба ин сарзамин аз Чин бирманҳо муҳоҷират карда, муқимӣ шуданд.
Дар асри 18 ин сарзамин аз ҷониби Англия тасарруф гардид ва танҳо соли 1962 аз калонияи Британияи Кабир озод шуд.
Соли 1942 дар музофоти Аракон байни мусалмонони роҳинҷ ва будиёни бирманӣ муқовимати сахти хунине ба амал омад, ки дар он 50 ҳазор нафар бирманҳо ва дигар қавмҳои будоӣ кушта шуданд. Мусулмононро ҳамон вақт англисҳо бо яроқу аслиҳа таъмин карда буданд ва умед доштанд, ки онҳо ба муқобили японҳо мубориза мебаранд, аммо онҳо силоҳи додашударо бар зидди аракониҳо истифода бурданд. Будиёни зиндамонда аз ин музофот фирор намуданд ва Аракон пурра ба тасарруфи мусалмонон даромад. Баъди ин рӯйдод байни мусалмонони роҳинҷ ва будоиҳо даҳсолаҳо боз куштору нофаҳмиҳои қавмию мазҳабӣ идома дорад.
Ин якдигарнофаҳмиҳо то ҷое расиданд, ки 4-уми июни соли 2012 байни будиён ва мусулмонони роҳинҷ дар штати Ракҳайн муноқишаи хунине бархест ва мардуми зиёд кушта шуда, 4665 хона сӯхтаю валангор гардид. Ҳазорон нафар мусулмонон ба Тайлан фирор намуданд.



Роҳинҷҳо киҳоянд?

Ҷанги нави қавмию мазҳабӣ
Роҳинҷҳо худро сокинони муқимии Мянма медонанд ва иддае аз онҳо решаҳои қавмии худро ба арабҳое мансуб медонанд, ки дар қарнҳои гузашта ин ҷо ба ҳайси тоҷир омада буданд. Аммо олимони мардумшинос мегӯянд, ки мусалмонони роҳинҷро англисҳо дар замони калониялизми худ, ҳамчун қувваи арзонӣ корӣ овардаанд.
Мафҳуми роҳинҷ бошад, аз ҳаракати ҳарбӣ –сиёсие гирифта шудааст, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта мақсади таъсис додани музофоти автономии мусулмононро дар музофоти Аракон доштанд.
Баъди забт шудани Бирма аз ҷониби миллитаристони Япония дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бирманҳо бо ҷопонҳо пайвастанд ва муборизаро ба муқобили англисҳо пурзӯр намуданд. Роҳинҷҳо, ки тарафдорони англисҳо буданд, ночор ба муқобили бирманҳо баромаданд ва ҳамин тариқ зиддиятҳои қавмӣ -динии онҳо оғоз шуд ва он рӯз то рӯз байни ин ду миллат шуълаи нави ихтилофотро бармеангехт.
Роҳинҷҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниҳоят қашшоқанд ва 80 фоизи ин мардум дар ҳолати муҳтоҷӣ зиндагӣ мекунанд. Давлат ба онҳо кӯмаки тиббӣ намерасонад ва умуман ин мардум аз тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ маҳруманд. Давлат ҳатто заминҳои аз худ кардаи онҳоро, ки мояи асосии зиндагияшон ба ҳисоб меравад, ғасб намуда , ба будоиён медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки 800 ҳазор мусулмонони роҳинҷе, ки дар ин давлат зиндагӣ мекунананд, ҳуқуқи ба шаҳрвандӣ қабул шуданро надоранд ва онҳоро бирманҳо ҳамчун аҷнабӣ дар ватани худ мешуморанд.

Демократияи Мянма

Бо ном демократия дар ин ҷо чанд сол пештар ба вуҷуд омад. Моҳи ноябри соли 2015 дар мамлакат интихоботи озод баргузор гардид. Дар интихобот Лаурияти мукофоти Нобелӣ Аунг Сан Су Чжи, ки солҳои тӯлонӣ дар маҳбас буд, ғолиб баромад ва ба мансаби президентӣ интихоб гардид.
Баъди ба сари қудрат омаданаш Аун Сан Су Чжи ваъда кард, ки дигар ба роҳинҷҳо касе кор намегирад ва онҳоро ба шаҳрвандӣ қабул мекунад, аммо ҳамаи гуфаҳои ӯ бархилофи андешаҳояш шуд. Ҳарбиён ба фармони президенташон гӯш надода, дар штати Ракҳайн мувофиқи таъби худ амал карда, мусулмононро ба шиканҷа кашида бедодгарӣ мекарданд.
15-уми марти соли 2016 Ассамблеяи иттифоқӣ Тхин Чжоро ба ҳайси президенти Мянма интихоб намуд. Ҳамагон умед доштанд, ки муноқишаҳои идома ёфтаро президент хомӯш месозад, вале то ҳанӯз муноқишаҳои динӣ роҳи ҳалли худро наёфтаанд.
Ҳайратвараш он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳодисоту воқеоти дар ин мамлакакат рӯй дода истода, аз Созмони Милалӣ Муттаҳид сар карда, то дигар созмонҳои башардӯстона таваҷҷуҳ намекарданд. Танҳо таи чанд моҳи охир ба иллати хурӯҷ кардани низоъ ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вазъи ин мамлакат диққат дода истодааст.

Сабабҳои хунрезӣ ва ноамниҳо дар Мянма

Таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки минтақаи номбаршуда акнун дар мади назари бозингарони сиёсии мамлакатҳои абарқудрат қарор дорад. Иддае аз муҳаққиқони сиёсӣ андеша доранд, ки ин мамлакатҳо бо таъсири ба Мянма доштаашон мехоҳанд ба иқтисодиёти Чин, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ хеле пешрафтааст, зарар расонанд. Дар ҷойи дигар Чин бо Русия ҳамсарҳад аст, бешубҳа таъсири он ба Русия низ мерасад, зеро дар ин мамлакат мусалмонони зиёд зиндагӣ мекунанд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки аз оғози ноамниҳои Мянма чанд маротиба дар музофотҳои мухталифи Русия, минҷумла дар шаҳри Маскав гирдиҳамоиҳо ва дигар эътирозҳои назаррасӣ оқибатҳои манфӣ дошта ба вуқуъ пайвастанд.
Сабаби дигари ин хунрезиҳоро таҳлилгарон дар он мебинанд, ки баъди таъсис ёфтани «Артиши наҷоти роҳинҷҳои Аракан» фишороварии ҳукумати Мянма ба мусалмонон зиёд шуд ва давлат муқовимати сахти ҳарбӣ нишон дод. Маълумоте ҳаст, ки ин ташкилоти ҳарбӣ соли 2012 бо кӯмаки Арабистон Саудӣ таъсис ёфта, то имрӯз фаъолият мекунад.
Рӯзномаи «Guardian» бритонӣ чанде пештар навишта буд, ки фалокатҳои дар Мянма рухдодаро гуруҳи нави ҳарбии «Артиши наҷоти роҳинҷҳои Аракан» – Arakan Rohingya Salvation Army» роҳбарӣ мекунад ва ин хатари ниҳоят ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
Пешвоёни радикалии дини будоӣ бошанд, дар ин куштору истибдодҳо кормандони созмонҳоеро гунаҳгор мекунанд, ки онҳо мусалмононро тарафдорӣ карда, тарғиботи ғаразнок мебаранд ва низоъ бармехезонанд.
Айни ҳол 250 ҳазор нафар мусалмонону будиёни камбағал дар байни ҷангҳои диниву мазҳабӣ қарор доранд. Агар инро дигар хел шарҳ диҳем, роҳи онҳо аз чор тараф бастааст ва онҳоро созмонҳои башардӯст бо сабаби нооромии минтақаи даргир кӯмак расонда наметавонанд.
Ба назари мо чунин менамояд, ки то имрӯз ноамниҳову хунрезиҳо байни будоиёну мусалмонони ҷаҳонӣ ниҳоят кам дар матбуоти даврӣ, сомонаҳои интернетӣ ба назар мерасид ва мардум ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус надошт, вале имрӯз эҳсос мешавад, ки башарият ба он таваҷҷуҳи хоса намудааст. Ба назар чунин мерасад, ки акнун фитнаангезони ҷаҳонӣ бозори фитнаашонро фаррохтару васеътар намуда, дар ақсои олам ҷанги нави қавмию мазҳабиро оғоз карданиянд.

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: