Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шарҳи қонунҳои такмилшуда

Шарҳи қонунҳои такмилшуда

13-09-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
Шарҳи қонунҳои такмилшуда
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти ҳайати гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат роҷеъ ба шарҳи нуқтаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нав қабулшуд абаргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро оғоз намуда, доир ба рӯзмарра будани мавзуъи баррасишаванда андешаронӣ карда, татбиқи пурсамари онро вазифаи ҳар як шаҳрванд арзёбӣ намуд.
Сипас, Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъғироти муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал дод.
Бояд зикр намуд, ки дар мулоқот Мирзозода Азизуллоҳ-муовиниРаисиКумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқизода Солеҳ-директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ, Асрорӣ Мирзошоҳрух, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Хусрав Турсунов, судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаттоҳзода Сарфароз, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Маликисломӣ Наим Мунаввар –раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва инчунин намояндагони суд, прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллии шаҳр штирок доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: