Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БА АСОЛАТИ МИЛЛИИ ХУД НАЗАР НАМО ва ё назаре ба ҳуқуқофаринии мардуми тоҷик

БА АСОЛАТИ МИЛЛИИ ХУД НАЗАР НАМО ва ё назаре ба ҳуқуқофаринии мардуми тоҷик

7-09-2017, 10:19
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
БА АСОЛАТИ МИЛЛИИ ХУД НАЗАР НАМО ва ё назаре ба ҳуқуқофаринии мардуми тоҷик
“...Мо замоне дурбину амиқназар метавонем буд, ки агар давраи ҷадидро дар ҳамбастагӣ бо қуруни вусто ва давраи антиқиро дар иртибот бо Шарқи бостон биомӯзем”.
Виктор Гюго

Миллати тоҷик дар таърихи ҷомеаи инсонӣ бо таъриху фарҳанг, забон, расму ойинҳои қадим ва бузурги хеш шинохта шудаву аз он ифтихор менамояд, ки ба чунин таърихи бой ва ғанӣ, ки ба умқи ҳазорсолаҳо мерасад, сазовор гаштааст. Агар миллати тоҷикро аз нигоҳи таърихӣ бемисл эътироф намоем, иштибоҳе нахоҳем кард, зеро мардумаш дар тӯли асрҳо амалҳоеро анҷом додааст, ки то ҳол аҳамият ва мавқеи боризи худро аз даст надодаанд ва ҳамчун меросе аз ниёгон дар замони муосир низ ҳифз гардидаву сабақдиҳандаи кору амали имрӯзиён қарор гирифтаанд.
Сабақ гирифтан аз гузашта ва истифода намудани олитарин арзишу писандидатарин қисмати он дар ҳаёти илмиву оммавии замони имрӯз, алалхусус дар эҳёи қонунҳои миллӣ замина ва нақши шоистаро мегузорад, зеро бе омӯхтани гузашта барпо намудани имрӯзу оянда аз имкон берун аст.
Таърихи ҳуқуқэҷодкунии миллати тоҷик ба қаъри асрҳо расидаву имрӯз низ мавқеъ ва аҳмияти худро дар қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ аз даст надодааст. Миллати тоҷик дар инкишофи қонунҳое, ки ба адолат, баробарӣ, озодӣ, инсоф ва ахлоқ нигаронидаанд, саҳми шоистаи худро гузоштааст. Дар ибтидо онҳо дар доираи қоидаҳои ахлоқӣ ба вуҷуд омада, баъдан бо рушд намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ шакли қонунро гирифтаанд. Ҳанӯз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва динии аҷдодони мо “Авасто” мазмуни фаъолияти инсони муътақид дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита “рафтори нек, гуфтори нек, кирдори нек” муайян гардида, ба “рафтори бад, гуфтори бад ва кирдори бад”-и инсони ғайримуътақид муқобил гузошта шуд.
Нодида гирифтани гузаштаи бою ғании ҳуқуқэҷодкунии миллати тоҷик беэҳтиромӣ ба насли гузашта буда, поймол намудани масъулият ва вазифае ба ҳисоб меравад, ки онро халқи тоҷик дар Дебочаи Конститутсия мустаҳкам намудаанд. Тоҷикон на танҳо аз лиҳози сарчашма ва санадҳои ҳуқуқии худ, балки аз лиҳози рамзи адолати судӣ низ аз халқияту миллатҳои гуногуни олам бартарӣ доранд. Зеро ҳамчун рамзи адолат ва довари адолати судии мардуми тоҷик – Рашан баромад менамояд, ки он дар сарзамини тоҷикон дар ибтидои ҳазораи 2-1 қабл аз милод ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи таълимоти зардуштӣ Рашан фариштаест кафили адолат ва ҳақиқат дар рӯзи маҳшар. Он аз Фемидае, ки имрӯз ҳама онро ҳамчун рамзи адолати судӣ эътироф менамоянд, аз ҷиҳати таърихиву хронологӣ барвақтар пайдо шудаву умумияти байни ин ду рамз бештар ба назар мерасад, яъне юнониён бо истифода аз усули муқоисавӣ-ҳуқуқӣ баъзе аз унсурҳои Рашанро дар рамзи адолати судии хеш – Фемида истифода намудаанд, ки ин худ аз бузургии таърихи ҳуқуқи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Имрӯз замони он расидааст, ки мо гузаштаи ниёгони худро зинда намуда, ба насли оянда миллати созгор, тавоно ва побарҷоро ба мерос гузорем. Сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ башорат аз он медиҳанд, ки воқеан мардуми куҳансолори тоҷик амалҳои шоистаи таҳсинро анҷом додаву барои имрӯзиён ганҷинаи бебаҳоеро ба мерос гузоштаанд ва моро танҳо зарур аст то ин меросро зинда намудаву дар ҷабҳаи ҳифз ва оламшумул гаштани он таваҷҷуҳ ва кӯшиши беинтиҳо анҷом диҳем. Мақсад ва зарурият ин аст, ки мо бояд бегонапарастиро аз вуҷуди хеш дур намоем ва ба аслияти миллии худ назар афканем.
Халқи тоҷик дар мавриди ба вуҷуд овардани санадҳои конститутсионӣ низ мавқеи назаррасу аввалиндараҷаро дорост, ки онҳо сабаб барои бавуҷудоии ҷараёни конститутсионализм гардидаанд. Чун далел матавон аз Авасто, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Сиёсатномаи Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ машҳур ба Низомулмулк, асарҳои Абунаср Муҳаммад ибни Тархон (Абунасри Форобӣ) ёдовар шуд, ки дар онҳо эътироф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мавқеи сарвари сиёсӣ, шахсият дар давлат, низоми идоракунӣ ва ғ. мустаҳкам гардидаанд.
Таърихи ҳуқуқэҷодкунии миллати тоҷик дар доираи арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоиву инсонӣ пайдо шудаву минбаъд рушд намудааст. Дар ин ҷода нақши муаррихону равшанфикрони Юнону Рим ва донишмандону олимони тоҷику форс аз аҳамият холӣ нест, зеро маҳз осори хаттии онҳо буд, ки имрӯз мо имконияти истифода ва исботи таърихи ҳуқуқофаринии мардуми худро ба роҳ мондаем. Нақши равшанфикрону муаррихони Юнону Рим аз он хотир мавриди қайд аст, ки ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл мардуми Юнон бо Аҷам робитаи маънавии худро ба роҳ монд, то аз таҷрибиву имкониятҳои он истифода намояд. Таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии миллати тоҷик минбаъд бо роҳҳои мухталиф вориди низоми ҳуқуқии давлатҳои Аврупо гардид. Ин ҷо маврид ба ёдоварист, ки дар баробари истифода аз донишҳои мардуми тоҷик дар соҳаҳои гуногун (мисол, соли 1473 аввалин маротиба дар Англия “Ал-Қонун”-и Сино бо забони лотинӣ тарҷума шуд ва барои ривоҷи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб нақши боризро бозидааст), ҳамчунин аврупоиён аз донишҳои абармардони тоҷик дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунэҷодкунӣ истифода намудаанд, ки имрӯз ин аз мадди назари мо дур мондааст. Дар баробари ривоҷи соҳаҳои дигар, ҳамчунин низоми ҳуқуқӣ ва қонунэҷодкунии аврупоиён низ ташаккул ёфт, ки қабули Хартияи Бузурги Озодӣ дар Англия соли 1215 аз тарафи шоҳ Иоанни Безамин шаҳодати гуфтаҳои болоянд. Ва бояд қайд намуд, ки ҳангоми таҳияи ин ҳуҷҷат аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба таври васеъ истифода бурда шудааст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки имрӯз ин аз назари оламиён дур мондааст. Шояд ин ҷо иллати бегонапарастии мо ҳам ҳаст. Он бегонапарастие, ки ҳатто сабаби аз байн рафтани давлати абарқудрати Сомониён гардида буд.
Мақсад аз зикри ин гуфтаҳо он аст, ки мо ба аслияти миллии худ назар намоем ва аз гузаштаи бою ғании он истифода барем. Дар доираи таҷрибаи ҳуқуқофаринӣ ва қонунофаринии аҷдодони худ ва дар заминаи таҷрибаи замони муосир қонунҳоеро коркард ва рӯи кор оварем, ки тавонанд мушкилоти ҷойдоштаро ба таври одилона бартараф намоянд ва дар рушди давлатдории навин саҳми боризи худро гузоранд.
Сафарзода Некрӯз Файзӣ
Ҳуқуқшинос
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: