Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон6-09-2017, 14:34
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 5-уми сентябри соли равон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 130 нафар фаъолону собиқадорони ҳизб аз соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят иштирок намуданд. Кумитаи иҷроия фазои идона дошт. Таҳти садои форами мусиқӣ меҳмонон истиқбол гирифта шуданд. Баъди ошноӣ бо намоиши дастовардҳои ҳизбиёни вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода зимни ифтитоҳи маҷлиси тантанавӣ гуфт, ки яке аз воқеаҳои фараҳбахш дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ин падида, ки ифодагари орзуву ормони садсолаҳои мардуми тоҷик буд, бо азму талоши халқ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувору комил гардид. Дар фазои тантанавӣ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд фаъолон, собиқадорони ҳизбро қадршиносӣ кард. Ғолибони озмуни “Беҳтарин тарғибгарони арзишҳои миллӣ” Киромиддин Мухторов ва Ислом Раҳимов дониста шуданд. 16 нафар, аз ҷумла роҳбари дастгоҳи КИВ ҲХДТ Фаррух Зоҳидов ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сухани халқ” Бобоҷон Қурбонов медали ҷашнии ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, 24 нафар бо Ифтихорномаи Кумиҷроияи вилоятӣ мукофотонида шуданд. Сарфароз Фаттоҳзода дар интиҳои чорабинӣ аҳли нишастро бо фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбарияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ ва Кумиҷроияи вилоятӣ табрик намуда, барояшон саломативу хонаи обод ва сулҳу осоиштагӣ орзу намуд. Бояд гуфт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар таҳким ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоиста доранд. Таъмини сулҳу осоиштагӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар шиори аслии фаъолияти ҲХДТ маҳсуб мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.