Тоҷики шерафкани овозадорам зинда бод!
Миллати пояндаи бо нангу орам зинда бод!
Мардуми мо аз азал меҳнаткашу созанда аст,
Кишвари файзовари ваҳдатшиорам зинда бод!
Файзи Истиқлол омад дар замини тоҷикон,
Давлати озодаву ҳам бахтёрам зинда бод!
Эътибори тоҷикон аз сулҳу ваҳдат буду ҳаст,
Ваҳдати созандаи пояндадорам, зинда бод!
Аз сафои Пешво дар мулки мо нуру зиёст,
Пешвои тоҷикони тоҷдорам зинда бод!
Ҳафт пушти халқи ман озода буду бохирад,
Бохирад ин мардуми олитаборам зинда бод!
Кароматулло САДИРОВ
Омӯзгори МТТМУ №5
н.Ҷалолиддини БАЛХӢ