БУНЁДИ МАКТАБИ НАВ28-10-2016, 10:11
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки сохтмони он аз моҳи декабри соли 2015 оғоз гардида буд, моҳи октябри соли 2016 мутобиқ ба талаботҳои замон сохта ба истифода дода шуд. Бинои муассисаи мазкур дуошёнагӣ буда, аз ҳуҷраи омӯзгорон, маҷлисгоҳ ва ҳафт синфхона иборат мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 метавонад дар ду баст 210 хонандаро ба таҳсил фаро гирад. Сохтмони ин муассиса бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Таҷикистон бо харҷӣ зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Дар маросими ифтитоҳи ин муассиса директори иҷроияи маркази Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Таҷикистон Шералӣ Сидиқзода, намояндаи сафоратхонаи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Саъбагул Валиева ва мудири Шӯъбаи маорифи МИҲД-и ш. Кӯлоб Раҳмонзода Абдулманон ширкат варзиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.