Рӯзи 18 августи соли ҷорӣ Рӯзи иди касбии табибон, ки ба зодрӯзи табиб, файласуф ва олими забардасти соҳаи тибби тоҷик шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, бо даъвати аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси шаҳр Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ, собиқадорони ҳизб, ҷавонону занон аъзоёни бахши намояндагии ҶҶ «Созандагони Ватан» ҷамъомади хотирмон доир гардид.

Ҳурматзода Ф.З. дар бораи дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати пешрафт ва фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳр баромад намуда, иброз дошт, ки кормандони соҳаи тибро зарур аст ин дастгириҳоро ба инобат гирифта, сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар намоянд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифокорон» Зоидов Тағойбек, ки дар бораи бузургдошт ва хизатҳои бемисл, асарҳои нотакрори Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки тамоми ҷаҳони тамаддунро фарогир гашта буд, гуфта гузаштанд.

Баҳри болидахотир гардонидани табибон шоири ширинадои тоҷик Низом Қосим аз ашъори дилангези худ қироати шеър карданд, ки хизмати табибон, ки дармонбахши ҳар як инсон аст васф гардида буд.

Дар фарҷоми ҷамъомад ба якқатор кормандони соҳаи тиб аз тарафи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Иттифоқи касабаи соҳаи тандурустии шаҳр бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.
Бахшида ба ин санаи муҳим гуруҳи эстрадаи «Гулшан»-и шаҳри Душанбе ва ҳунармандони ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» бо барномаи консертии худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Мудири шуъбаи таблиғот,
иттилоот ва матбуоти КИШ ҲХДТ С. Зоиров