Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Украина тангаҳои давраи Сомониён ёфт шуданд

Дар Украина тангаҳои давраи Сомониён ёфт шуданд

14-08-2017, 15:34
Хабарро хонданд: 109 нафар
Назарҳо: 0
 Дар Украина тангаҳои давраи Сомониён ёфт шуданд
Дар вилояти Суми Украина хазинаи хурде дарёфт гардид, ки дар он тангаҳои аҳди Сомониён маҳфуз буданд.
Дар ин кишвар боқимондаҳои миёнбанди нуқрагин ва якчанд дирҳамҳои давлати Сомонӣ ёфт шуданд. Дар ин бора сомонаи klads.org хабар додааст. Тахмин меравад, ки тангаҳо дар халтачаи пулмоние, ки дар миёнбанди нуқрагин овезон буд, нигоҳ дошта мешуданд. Коршиносон мегӯянд, ки намунаҳои бозёфтҳои моддиву маънавии аҳди Сомонӣ дар хоки Украина ҳоло то ба ахир омӯхта нашудаанд ва шумораи онҳо хоҳад афзуд, чун муносиботи гуногунҷабҳаи ин давлати пешрафтаи аҷдодӣ бо мамолики Аврупо замони хеш дар ҳоли густариши қавӣ будааст.
Давлати Сомониён-аввалин давлати тоҷикон аст, ки дар Шарқи Миёна аз соли 819 то соли 999 арзи вуҷуд дошт. Дар замони нашъунамояш он худудҳои муосири Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро дар бар мегирифт.
Азамат Дӯстов




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: