Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Қонунгузорони ИМА аз ҳамлаи таблиғотии Русия нигаронанд

Қонунгузорони ИМА аз ҳамлаи таблиғотии Русия нигаронанд

8-08-2017, 15:03
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
Қонунгузорони ИМА аз ҳамлаи таблиғотии Русия нигаронанд

Бархе аз аъзои бонуфузи Конгресс ба Департаменти давлатии ИМА ҳушдор додаанд, ки агар дар мубориза бо таблиғоти Русия чораҳои муассире наандешад, онҳо дар ин замина барномаи махсусеро ба тасвиб хоҳанд расонд.
Элиот Энгел, конгрессмени демократ ва яке аз раҳбарони кумитаи умури хориҷии Палатаи намояндагон ба Рекс Тиллерсон, котиби давлатии ИМА нома навишта, даъват кардааст, ки дар ин замина як стратегияи муносиб таҳия ва дар мувофиқа бо Конгресс татбиқ карда шавад.

"Дар акси ҳол Палатаи намояндагон ва Сенат маҷбур мешаванд, ки барои пешгирӣ аз хатари таблиғоти Русия ва гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гузинаи қонуниеро ҷустуҷӯ кунанд", - омадааст дар нома.

Қонунгузорҳои амрикоӣ мегӯянд, Департаменти давлатии ИМА 80 миллион доллареро, ки аъзои Конгресс барои безараргардонии таблиғоти хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва ахбори дурӯғ ҷудо кардаанд, харҷ накардааст ва бинобар ин маҷбур шуданд, ин номаро бинависанд.

Онҳо бар инанд, ки Департаменти давлатӣ ба умеди ҳамкорӣ дар баъзе аз бахшҳо, намехоҳад Москваро ба хашм орад. Вале Тиллерсон изҳор медорад, ки ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ дар харҷи ин пулҳо шитоб надорад, зеро мехоҳад, онҳоро босамар истифода барад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: