
Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон хабар дод, ки ният дорад, охири ҳафта, рӯзҳои 5-6 август бо ҳамтои русаш Сергей Лавров мулоқот кунад.
Тиллерсон 1 август дар ин бора иттилоъ дода, афзуд, ки "муносибатҳои Вашингтону Москва фишори назаррасеро таҷриба мекунанд". Ба гуфтаи ӯ, ИМА бо Русия ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекунад, то барои гуфтугӯҳои сулҳи Сурия шароит фароҳам кунад.
Котиби давлатии ИМА гуфт, Вашингтон ҳанӯз бар ин аст, ки президент Башор Асад дар Сурия оянда надорад ва ҷангиёни ироқие, ки ба ҷонибдорӣ аз Асад зидди шӯришгарон дар Сурия меҷанганд, бояд ба ватан баргарданд.
Сарфи назар аз талошҳои Москва барои коҳиши ҳайати дипломатии ИМА дар посух ба таҳримҳои нав Тиллерсон афзуд, ки Русия ва Иёлоти Муттаҳида ҳамоно дар мубориза бо терроризм манофеи муштарак доранд.