Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Падидаи нодири таърихӣ

Падидаи нодири таърихӣ

7-08-2017, 09:49
Хабарро хонданд: 111 нафар
Назарҳо: 0
Падидаи  нодири   таърихӣ
Таҷрибаи сиёсии Тоҷикистон нишон дод, ки баъди ба даст овардани Истиқтиқлолият кишвари азизи мо ба пешрафту дастовардҳои зиёд ноил гашт.
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ шуд ва санаи 11 июли соли равон дар пойтахти кишвар бо масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, рӯҳониён, имомхатибон, устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон, адибон, олимону зиёиён ва ҷавонон ҷаласаи васеи машваратӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Қонуни мазкур мубодилаи афкор, суҳбат ва мулоқоти хеле судманд баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии мардум (паст намудани сатхи камбизоатии халқ) доир гардид.
Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо доир ба фаҳмонидани мӯҳтавои Қонуни мазкур баргузор гашта истодааст.
Чунин як мулоқот дар ташкилоти ибтидоии китобхонаи оммавии ба номи Т.Асирӣ баргузор шуд, ки дар он собиқадори ҳизб Мукаррамахон Бузурукова баромади пурмуҳтаво намуд.
Падидаи нодири таърихӣ будани ин Қонун дар баромадҳои собиқдори ҳизб Сулҳия Муъминова ва намояндаи ҷавонон Парвиз Рустамов эҳсос карда шуд.
Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшида, аз тамоми иштирокдорони ҷаласаи машваратӣ даъват ба амал овард, то дар пиёда намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъул бошем ва бо иродату ихлос камари ҳиммат баста, саҳми худро дар эъмори Қонуни мазкур гузошта бошем.
Инчунин, аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ намоиши асарҳои Президенти мамлакат ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд, ки хеле ҷолиби диққат буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: