Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар амал татбиқ мегардан3-08-2017, 12:11
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
н. А.Ҷомӣ: Дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Точикистон» бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷамъомади васеъ баргузор гардид. Баромадкунандагони ҷамъомади мазкур бо истиқбол аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои манфиатбори амали қонун, ҳамзамон аз қонуншиканиҳо, баргузории маъракаҳои пурдабдабаю серхароҷот ва ҳоло ҳам расму оинҳоро ҳамчун воситаи шуҳрату худнамоӣ истифода бурдани баъзе афрод, изҳори таассуф намуданд. Ҳамчунон бояд қайд кард, ки қариб ҳаррӯза дар қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади иҷрои дастурҳои Сарвари давлат ва ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонидани муҳтаво ва аҳамияти қонун, гурӯҳҳои таблиғотии доимиамалкунандаи ҳизбӣ, ТҶ «Фарҳанги сиёсӣ» бо сокинони маҳаллаҳои ноҳия вохӯриҳо гузаронида, бо ёдоварӣ аз фарҳанги ғанӣ ва ҷашну маросимҳои суннатии мардуми тамаддунофари тоҷик, хатару зиёни зиёдаравӣ, бегонапарастӣ ва оқибату фасоди тақлид ба зуҳуроти бегонаро ба мардум мефаҳмонанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.