Семинар27-07-2017, 11:16
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
КОНИБОДОМ. Бори шашум аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ бо навхонадоршавандагон семинарҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда истодааст. Ин навбат чунин семинар-машварат дар алоҳидагӣ бо арӯсшавандагону домодшавандагон дар тарабхонаи «Гули бодом» доир гардид. Дар семинар аъзои Раёсати КИ ХХДТ шаҳрдор Ғ.Боҳирӣ шахсан иштирок ва суханронӣ намуда, ҷавононро ба сабурӣ, таҳаммулпазирӣ, хоксорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд. Инчунин дар назди оилабарпокунандагон мутахассисони варзидаи соҳаҳои ҳуқуқ, тиб, намояндагони дин, равоншинос, занони собиқадор ва сарварони хонаводаҳои беҳтарин баромад намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои ташкилу нигаҳдории оилаи тифоқ ва пойдору устувор ибрози андеша намуданд. Инчунин Чонишини Раиси КИ ХХДТ Холматова Х зимни баромади хеш оид ба масъалахои муҳиму мубрами рӯз тарбияи ҳамаҷонибаи оилаҳои ҷавон, эмин доштани онҳо аз ҳама гуна падидаҳои номатлуб суханрони намуд. Мулоқот озод сурат гирифта, ҷавонон бо суолу дархостҳои хеш ба баромадкунандагон муроҷиат карда, посухҳо гирифтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.