Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат

Ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат

27-07-2017, 10:40
Хабарро хонданд: 745 нафар
Назарҳо: 0
    Ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат
Имрӯз мардуми баору номус ва меҳнатдӯсти Ватани азизамон бо муҳаббати зиёд баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки неъмати бузургтарин ба ҳисоб меравад, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри созандагиву сулҳу субот, якпорчагӣ ва ягонагии миллат, бо ҳисси ватандориву ватандӯстӣ кӯшиши беандоза ба харҷ дода истодаанд. Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои ободу зебо гардонидани тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ корҳои зиёди ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маром идома доранд. Ин буд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардум ва тарбияи насли наврас дар руҳияи идомадиҳии корҳои бузурги созандагии падарон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, шахсони саховатпеша ва мардуми меҳнатдӯсту ватанпарвар тариқи дастаҷамъона бо роҳи ҳашар дар маҳаллаи Саттор Ашӯр бунёди як иншооти зебову барҳавои маъишиву иҷтимоӣ яъне, истироҳатгоҳ барои насли наврас ва сокинони маҳаллаи зикршуда дар руҳияи болидаву сарҷамъӣ бунёд гардида истодааст.
Ин нишонаи он аст, ки мардуми ғамхору меҳнатдӯсти ноҳияи Деваштич бо амалҳои неку ташаббускориашон шукронаи тинҷиву оромӣ аз Ваҳдати миллӣ ва рушди босубот намуда, барои ободу зебо гаштани як гӯшаи Ватани хеш саҳми арзандаи худро гузошта, барои насли имрӯзу фардои созанда шароити хуби маъишиву иҷтимоиро муҳайё намуда истодаанд.

Дилноза Каримова – аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: