Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Толибон сеюмин ноҳияи Афғонистонро ишғол карданд

Толибон сеюмин ноҳияи Афғонистонро ишғол карданд

26-07-2017, 09:34
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0

Толибон сеюмин ноҳияи Афғонистонро ишғол карданд
Ҷангиёни ҳаракати Толибон дар ҷануби Афғонистон боз як ноҳияи дигарро ишғол карданд. Ноҳияи Ҷонихейли вилояти Пактиё дар марзи Покистон баъди ҷангҳои шадиди рӯзҳои ахир суқут кардааст.
Раиси Шӯрои вилоятӣ Сардорхон Малангзай гуфт, Ҷонихейл субҳи 25 июл, баъди даргириҳои густарда дар маркази ноҳия ба дасти Толибон афтод.

Сухангӯи раҳбари пулиси вилоят мегӯяд, ки маркази ноҳия ҳанӯз таҳти назорати нирӯҳои амниятӣ аст, вале задухӯрдҳо идома доранд.

Ҷангҷӯёни Толибон қароргоҳи ҳукумат, ситоди пулис ва бемористонро оташ задаанд. “Ҳар ду тараф ҳам хисороти зиёд дидаанд”, - афзуд Малангзай.

Толибон бо пахши як изҳорот гуфт, тамоми ноҳияро ишғол кардаанд. Онҳо 23 июл ноҳияи Тайвар дар вилояти Ғӯр ва ноҳияи Кӯҳистон дар вилояти Форёби Афғонистонро ҳам ишғол намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: