Москва: маҷмааи зиддимушакии ИМА барои Русия хатар дорад17-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Москва бар ин назар аст, ки ба кор даровардани нерӯи зиддимушакии ИМА дар Руминия ба амнияти миллии Русия халал эҷод мекунад.
Дар ин бора ба хабаргузории "Интерфакс" Михаил Улянов, як масъули вазорати хориҷии Русия иттилоъ додааст. Аз ҷумла вай гуфтааст, ки аз нуқтаи назари Москва, созишнома дар бораи мушакҳои дурпарвозу кутоҳпарвоз вайрон шудааст. 12 май, намояндагони ИМА ва НАТО дар Руминия аз фаъол шудани маҷмааи зиддимушакии заминӣ хабар хоҳанд дод. Вашингтон мегӯяд, ин маҷмаа барои ҳифзи муттаҳидони НАТО аз хатарҳои эҳтимолии Эрон ва мушакҳои дурпарвоз зарурӣ аст, аммо зидди Русия равона нашудааст. Интизор меравад, 13 май ИМА дар бораи иншооти дувуми зиддимушакӣ дар ҳудуди Лаҳистон расман хабар хоҳад дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.