
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи истифодаи дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин дар соҳаи кишоварзӣ ошно шуда ва гуфтааст, ки дар ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли дронҳо дар Ӯзбекистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Вай афзудааст, истифодаи бесарнишинҳо дар кори кишоварзӣ ҳосилро бештар мегардонад.
"Агар ба ояндаи кишоварзӣ бетараф набошем, бояд ҳарчи зудтар ба усулҳои нави кор гузарем. Бояд ба истеҳсоли дронҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардида, тарзи кори онҳоро аз худ кунем ва мутахассис омода намоем", - гуфт Мирзиёев.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори девони вазирони Ӯзбекистон аз 26 ноябри соли 2014 вуруд, фурӯш ва истифодаи дронҳо дар ин кишвар манъ шуда буд. Ин қарорро Шавкат Мирзиёев ба ҳайси сарвазир ба имзо расонида буд.