
Президент Шавкат Мирзиёев раиси Кумитаи радио ва телевизиони Ӯзбекистон Хуршед Мирзоҳидовро аз мақомаш барканор кард. Ӯ 2 август дар як ҷаласаи видеоӣ аз кори Мирзоҳидов интиқод ва қарори барканорияшро содир намудааст.
Мирзоҳидов моҳи феврали соли равон раиси Кумитаи радио ва телевизиони Ӯзбекистон таъйин шуда буд. Вай дар ин мақом Алишер Хоҷаевро иваз кард, ки 12 сол шабакаи аввали телевизиони Ӯзбекистонро раҳбарӣ намуда буд.
Президент Мирзиёев 30 марти соли равон низ дар як ҷаласаи видеоӣ аз кори телевизионҳои кишвараш, аз ҷумла шабакаҳои "Ӯзбекистон" ва "Ёшлар" (ҷавонон) интиқод карда, гуфт, ин соҳа ба ислоҳот ниёз дорад.
"Вақти "офарин-офарин"-- гуфтанҳо гузашт. Дар телевизионҳо бояд маводи интиқодию таҳлилӣ бештар нашр гардад. Мардум бояд ин барномаҳоро бесаброна мунтазир шаванд. Барномаи "Ахбор"-ро бояд тағйир диҳем", - изҳор дошт он замон Мирзиёев.
Дар он ҷаласа Мирзиёев ҳунарманди мардумӣ ва сарояндаи машҳури ӯзбек Озодбек Назарбековро мудири кулли телевизиони "Ёшлар" таъйин кард ва гуфт, ки ин шабака дар бозтоби ҳаёти ҷавонон фаъол нест. Дертар Назарбеков аз ин мансаб даст кашид.
ПРИСОЕДИНЯЙТЕСЬ!
КОНТАКТЫ
Email
НОВОСТИ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ
О проекте