Дар Ӯзбекистон қонуни зидди маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ ва хотирбинӣ омода мешавад21-07-2017, 09:41
Хабарро хонданд: 117 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон консепсияи лоиҳаи нави қонуни ин кишвар "Дар бораи хидматчиёни давлатӣ" муаррифӣ шуд. Ин тарҳ шоистасолориро ба маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ ва хотирбини мансабдорон муқобил мегузорад. Ба иттилои сомонаи Podrobno.uz, ин қонун усули асосии ташкили ҳайати кормандони ниҳодҳои давлатӣ, механизми ҳавасмандгардонии моддию ғайримоддии хидмати одилона, этикаи хидматӣ ва мубориза бо коррупсияро ба танзим хоҳад даровард. Вазири шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов гуфт, лоиҳаи қонун дар асоси таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ таҳия шуда, дар баробари мафҳум ва падидаҳои умумӣ як қатор навовариҳоро ба миён мегузорад. "Барои намуна, дар лоиҳаи мазкур мафҳуми шоистасолорӣ ворид карда мешавад. Яъне, усули идорае, ки бар пояи он, ба мақомҳои раҳбарӣ шахсони арзандатар, новобаста аз баромади иҷтимоӣ ва вазъи молияшон интихоб хоҳанд шуд", - афзуд ӯ. Коршиносон қайд мекунанд, ки дар лоиҳаи қонун бояд меъёрҳои арзёбии кори хидматчиёни давлатӣ низ ворид гардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.