
Довталабони мактабҳои олии Туркманистон танҳо баъди супоридани ҳуҷҷатҳои худ фаҳмидаанд, ки таҳсил пулакӣ аст.
Сардор аз шаҳри Ишқобод мегӯяд, ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳояш ба Донишкадаи хоҷагии умумӣ, ки имсол таъсис ёфт, фаҳмид, таҳсил пулакӣ аст ва маҷбур шуд, ҳуҷҷатҳояшро бозпас гирад.
Ба гуфтаи ӯ, дар маълумотнома оиди шартҳои дохилшавӣ ба донишкада гуфта нашудааст, ки таҳсил пулакӣ аст. Ба ҷуз ин, чанд донишгоҳи дигари Туркманистон низ низоми пулакии таҳсилро ҷорӣ кардаанд. Ин иттилоъро дар Донишкадаи хоҷагии мардумии ин кишвар низ тасдиқ намуданд.
Як ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, навоварӣ довталабонеро, ки мехостанд, барои дарёфти стипендия бо дониши худ дохил шаванд, дар ҳайрат гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, оилаҳои камбизоат наметавонанд, фарзандони худро пулакӣ омӯзонанд.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли гузашта дар бораи таҳсили пулакӣ суҳбат карда буд. Вай барои пешрафти кишвараш омода кардани мутахассисони категорияҳои олиро муҳим хонда, гуфт, бояд таҳсилро пулакӣ кард.