Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Беватан дар рӯи сад дунё наёбад сарпаноҳ

Беватан дар рӯи сад дунё наёбад сарпаноҳ

19-07-2017, 10:56
Хабарро хонданд: 152 нафар
Назарҳо: 0
Беватан дар рӯи сад дунё наёбад сарпаноҳ
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе Ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин аст.
Миллати тоҷик аз қадимулайём таҳти шиканҷаи аҷнабиён борҳо қарор гирифта буд. Лекин тавассути фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки худро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад.
Донистану омӯхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрӯзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад.
Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савгандҳои хурдааш дар назди халқу миллаташ исбот ва собит намуд.
Тоҷикистонро имрӯз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд.
Дар тӯли садсолаҳои зиёди таърихии пурфоҷеаи тоҷикон, аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт.
Махсусан, ҷашни 20-умин солагрди Ваҳдати миллӣ соли ҷорӣ исбот намуд, ки мардуми Тоҷикистон дастгири сиёсати имрӯзаву фардои арвари давлатамон хастанд.
Мо тоҷикон замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр кунем. Танҳо дар ҳамин замини аҷдодӣ мо худро чун дар канори беғурбати модар эҳсос менамоем.
Шукр аз Худо мекунем, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо имрӯз соҳиби Ватани озоду маҳбуби Тоҷикистони азиз ҳастем. Беватанӣ ин худ бадбахтӣ, бединиву бемазҳабист.

Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзори бегона,
Чи хушбахтам, агар дар пояи хориВтан мирам.

Ёғибек НОСИРОВ
раиси КИ ҲХДТ дар ноиҳяи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: