Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бо ғояҳои созанда дар дили халқ

Бо ғояҳои созанда дар дили халқ

23-06-2017, 13:29
Хабарро хонданд: 50 нафар
Назарҳо: 0
Бо ғояҳои созанда дар дили халқ

Дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд Конференсияи ХII ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин конференсия, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, Раиси вилояти Суғд, аъзои Кумиҷроияи Марказӣ – Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва 512 нафар вакилон иштирок доштанд. Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, бо ташкили комиссияи таҳририя ва котибот ба кори худ оғоз кард. Дар рафти он 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи низомномаи ҲХДТ дар ҳар дуву ним сол дар ташкилотҳои ҳизбӣ конференсия доир гардида, фаъолияти ҳизбиён дар ин давра натиҷагирӣ карда мешавад. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ҳисоботи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар давраи аз декабри соли 2014 то июни соли 2017-ро ироа намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар давраи ҳисобот дар Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ 134 ташкилотҳои ибтидоии нав таъсис дода шуда, шумораи аъзо беш аз 49709 нафар афзуд. Агар дар оғози давраи ҳисоботӣ – моҳи декабри соли 2014 теъдоди умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 1107 адад бошад, пас, ин нишондиҳанда ба 1 июни соли равон 1241 ададро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 июни соли равон теъдоди умумии аъзои ҳизб дар қаламрави вилояти Суғд 123128 нафарро ташкил дод. Танҳо дар 5 моҳи соли ҷорӣ таъсис ёфтани 37 ташкилоти ибтидоӣ ва 3 ҳазор 485 нафар афзудани аъзои ҳизб дар қаламрави вилоят нишонаи барҷастаи нуфузи ҳизб байни мардум аст, таъкид кард Сарфароз Фаттоҳзода. Бино бар ҳисобот бахши муҳими фаъолияти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро корҳои башардӯстона ташкил медиҳад. Дар миқёси вилоят танҳо дар моҳи шарифи Рамазони соли гузашта 12 ҳазор нафар ниёзмандон, тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон, бошандагони хонаи пиронсолон ва сарбозони қисмҳои низомӣ мавриди сарпарастӣ қарор гирифтанд. Бо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ хатнасури 290 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ҳамасола дар арафаи соли хониш иқдоми хайриявиро таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» роҳандозӣ менамояд. Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ соли 2015 – 5073 нафар, соли 2016 — 5950 нафар дар маҷмуъ 11023 нафар аз оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан, кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд бо либос ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, кумиҷроияи вилоятӣ дар пиёда кардани чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ нақши муҳим дорад. Давоми 3 соли охир озмунҳои «Кумиҷроияи беҳтарин» ва «Ташкилоти ибтидоии беҳтарин» эълон мегарданд. Озмуни эҷодӣ бахшида ба идҳои давлативу миллӣ низ гузаронида шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида мешаванд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд соли 2016 дар риштаҳои адабиёт, таърих, фарҳанг ва журналистика ҷоизаҳои худро эълон намуд. Ҷоизаҳо ба номи чор олими варзида Абдулманнони Насриддин (соҳаи адабиёт), Наимҷон Ҳакимов (соҳаи фарҳанг), Ҳасанбой Шарифов (соҳаи журналистика) ва Сайдулло Абдуллоев (соҳаи таърих) таъсис ёфтаанд. Мақсади таъсиси ҷоизаҳо ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии олимон, таваҷҷӯҳ ба аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба хизмати шахсиятҳои баргузидаи илму адаб мебошад. Озмун аз тарафи комиссияи босалоҳият натиҷагирӣ шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба панҷ нафар ғолибон ҷоиза бо 1500 сомонӣ мукофотпулиаш супорида шуд. Ҳамчунин, озмуни вилоятии “Беҳтарин таблиғгари арзишҳои миллӣ”-ро роҳандозӣ кард, ки он ҳамасола гузаронида мешавад. Ташкили чорабиниҳои ҳадафрас буд, ки таваҷҷӯҳи мардум ба ин ҳизби сиёсӣ афзуда, онҳо дар симои ҲХДТ ва роҳбари он мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такягоҳу пуштибони худро мебинанд. Ин аст, ки муроҷиати шаҳрвандон ба кумиҷроияҳои ҳизб пайваста зиёд мешавад. Танҳо дар 5 моҳи соли 2017 ба Кумиҷроияи вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 178 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат карданд ва аксари масъалаҳои онҳо ҳалли худро ёфтанд. Аммо Сарфароз Фаттоҳзода мегӯяд, “мо аз пешрафту муввафақиятҳо набояд хотир ҷамъ шавем, балки фаъолияти ҳамешагии худро пайваста таҳким бахшем”. Раиси ҳизб барои боз ҳам беҳтар шудани кор тақвият додани ҳамкорӣ бо мақомотҳои мухталиф, таҳлили воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҷомеа, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, муборизаи дастҷамъона бар зидди ҳаракатҳои иртиҷоӣ, устувор кардани робита бо муҳоҷирон, тоза нигоҳ доштани сафи аъзо ва ғайраро муҳим шуморид. Аз рӯи рӯзномаи дуюми конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилояти Суғд шунида шуд. Зимни ҳисобот раиси комиссияи тафтишотӣ Карамулло Одилов аз беҳтаргардии вазъи молиявии кумиҷроия ва ба ин васила вусъати тоза гирифтани корҳои хайр аз ҷониби ҳизбиёни вилоят ҳарф зад. Вай гуфт, ки барои таъмини нақшаҳои молиявӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва истифодаи самараноки онҳо ба фоидаи кор аст. Аз рӯи ин ду масъала панҷ нафар вакилон – Каромат Қосимова, Шӯҳрат Саидов, Рустам Қодиров, Гулафзо Савриддинова ба музокира баромада, самтҳои гуногуни фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро шарҳ доданд. Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён суханронӣ карда, нахуст, барои ҳамкориҳои пайваста ва дастгириҳо аз номи кумиҷроияи марказӣ ба Раиси вилояти Суғд арзи сипос кард. Раъно Бобоҷониён фаъолияти кумиҷроияи вилояти Суғдро миёни кумиҷроияҳои кишвар намуна дониста, ба он баҳои қаноатбахш дод. Вай гуфт, беҳтарин ташаббусҳо ва ғояҳои созанда аз вилояти Суғд сар мезанад, ки иқтидор ва нерӯи ҳизбиёни вилоятро бозгӯ мекунад. Барои равнақи бештар додани фаъолияти ҳизбӣ фарогирии бештари корҳои тарғиботӣ, таваҷҷӯҳи рӯзафзун додан ба ҳаёти ҷавонон, афзалият ба илм, муҳоҷират, арзишҳои миллӣ, ташвиқи бомароми Паёми Президенти кишвар дар ҷойҳоро Раъно Бобоҷониён муҳим донист. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ нақши ҳизбиёнро дар пешбурд ва тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас донист. Раиси вилоят гуфт, ки равандҳои ҷомеаи имрӯз аз ҳизбиён фаъолнокии бештарро тақозо мекунад. Махсусан, густариш пайдо намудани терроризм ва экстремизм ин нерӯи созандаро водор мекунад, ки бар муқобили ин зуҳуроти хатарнок тамоми малакаву дониши худро ба истифода баранд. Ба қавли Абдураҳмон Қодирӣ аъзои ҲХДТ дар иҷрои қонунҳо ва тартибу интизом бояд худ ҳамеша намунаи ибрат бошанд. Раиси вилоят диққати ҳозиринро ба тарғиби ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирӣ аз воридшавии фарҳанги бегона ва дигар нуқсонҳои ҷомеа ҷалб кард. Дар идомаи кори конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз 51 нафар ва комиссияи тафтишотӣ интихоб карда шуданд, ки ба масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзнома шомил буданд. Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода аъзои навро табрик гуфта, ба онҳо фаъолияти бобарор таманно кард. Ҳамчунин, аз рӯи масъалаи панҷум сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Сухани халқ” интихоб карда шуд. Ба вазифаи сармуҳаррири нашрия Бобоҷон Қурбонов интихоб шуд. Мавсуф давоми яку ним соли охир ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир фаъолият мекард. Ҳамин тариқ, Конференсияи ХII ҲХДТ дар вилояти Суғд бо қабули қарорҳои дахлдор ба кори худ хотима бахшид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: