
НОРАК: Рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ-и ташкилотҳои ибтидоӣ дар якҷоягӣ бо аҳолиии шаҳр баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба шанбегиҳо умумишаҳрӣ баромада, дар ободу зебо гардидани шаҳр саҳми худро гузошта истодаанд. Аз ҷумла бо мақсади чунин корҳои ободкорӣ рӯзи 17 июни соли ҷорӣ Аксияи ҳизбиӣ таҳти унвони «Таблиғот тавассути созандагӣ ва бунёдкорӣ», аъзёну чонибдорони ҳизби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Нурофарон», «Нурафшон», «Маорифчиён», «Оина», «Шифокорон», «Обшорон», «Таъмиргар», «Фарҳанг», «Заводи оҳану қир», «Боғи анор», «Пули Сангин», «Дуконӣ» дар шанбегии умумишаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд. Инчунин аъзоёни бахши ҶҶ «Созандагони Ватан» дар ин маърака ширкат варзида, дар тозаю озода намудани муассисаҳои таълимӣ, гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, соҳили дарёи Вахш, тоза кардани қубурҳо, шинондани гулу гулбутаҳои ороишӣ саҳмгузор буданд.
Мудири шуъбаи таблиғотӣ
иттилоотӣ ва матбуот С. Зоиров