
Рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ-и ташкилотҳои ибтидоӣ дар якҷоягӣ бо аҳолиии шаҳр баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба шанбегиҳо баромада дар ободу зебо гардидани шаҳр саҳми худро гузошта истодаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 4 марти соли ҷорӣ аъзёну чонибдорони ҳизби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён», «Фарҳанг», НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ, «Оина», «Телеком». «ХИШМ», «Таъмиргар», «Заводи оҳану қир», «Боғи Анор» чамоатҳои деҳоти Пули Сангину Дуконӣ дар шанбегии умумишаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин аъзоёни бахши ҶҶ «Созандагони Ватан» дар ин маърака ширкат варзида, дар тозаю озода намудани муассисаҳои таълимӣ, гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, нарм намудани бехи дарахтон, шинондани ниҳолҳои сузанбаргу ороишӣ саҳмгузор буданд.
С. Зоиров