ВАТАНРО ҲАМЕША ОБОДУ ЗЕБО НИГОҲ МЕДОРЕМ12-06-2017, 14:45
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Кӯлоб аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо ифтихори баланди ватандорӣ дар ҳашарҳои умумишаҳрӣ бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуда, барои ободу зебо, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва барои саҳми худро гузоштан дар корҳои ободонӣ камари ҳиммат баста, ба ин васила як гӯшаи ватанро обод нигоҳ медоранд. Бо мақсади чунин корҳои ободкорӣ санаи 10.06.2017 Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Таблиѓот тавассути созандагӣ ва бунёдкорӣ» баргузор гардид. Дар ин рӯз ҳизбиёни Кӯлоб назди коргоҳу муассисаҳо ва роҳравҳоро тоза карда, илова бар ин бехи дарахтони сояафкану мевадиҳандаро нарм ва сафед намуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб оянда низ талош менамояд, тавассути аксияи мазкур аъзо ва ҷонибдорони њизбро ба чунин корҳои ободонӣ ҷалб намояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.