БАРГУЗОРИИ СИЛСИЛАМУЛОҚОТҲО БАХШИДА БА «СОЛИ ҶАВОНОН» ВА 20 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ21-06-2017, 09:31
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Дар нимаи аввали моҳи июни соли равон бо сокинони ҷамоати шаҳраки «Вахш» ва ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат», «20 солагии Истиқлолият», «Тоҷикобод», «Киров», «Машъал» –и ноҳияи Вахш дар асоси банди 28 – и нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 20 – солии Рӯзи Ваҳдати миллӣ вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар ин вохӯриҳо Маҳбуба Азимова – сардори шуъбаи Кумитаи кор бо занон ва оила, Лоиқназари Муъмин – сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегӣ, Зоҳирзода Саидқадам – сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Хатлон, Беҳрӯз Бобоев – сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳия ва як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон оид ба мавзӯъҳои мураккаб ва пурҳассос будани замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, қадамҳо барои расидан ба ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҷавонон ва нақши онҳо дар амалишавии ҳадафҳои олии кишвар, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, сокинонро ба муносибати 20 – солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки сазовор ба ғамхориҳо ва эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо масъулияти баланд барои рушди босуботи кишвар доимо саҳмгузор бошанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.