Корҳои бунёдкори бахшида ба таҷлили ҷашни 25- солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак.1-09-2016, 11:08
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Норак як қатор иншоотҳои ҷашни аз он ҷумла бинои муассисаи таълимии №4 дар деҳаи Тутқавул ба номи Алимаҳмад Мирзоев, таҷдиду азнавсозии кинотеатри «Вахш» бо мақсади ташкили осорхонаи шаҳрӣ, таҷдиду азнавсозии Чархофалак, бунёди боғи фарҳанги ва сохтмони маркази хизматрасонӣ, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматидар маҳаллаи Энергетик, нуқтаи савдои хизматрасонӣ ва клубу китобхона ба истифода дода шуд. Иншоотҳои ҷашни, ки рӯзи 28 августи соли ҷорӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбон, Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Вализода Хакимхон, раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагон аз корхонаю муасиссаҳои шаҳр ифтитоҳ гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.