Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ваҳдат ва ҳамдилии ҷавонон!

Ваҳдат ва ҳамдилии ҷавонон!

20-06-2017, 09:34
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдат ва ҳамдилии ҷавонон!
АЙНӢ. Бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ гурӯҳи тарғиботӣ-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҷиҳати таблиғу ташвиқи “Соли ҷавонон” ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Анзоб, Фондарё ва ҷамоати шаҳраки Сарвода ташриф оварданд.
Ба гурӯҳи корӣ- директори Китобхонаи миллӣ Назарзода Сайфиддин, Идиев Файзалӣ-Устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Атоев Муҳаммадиқбол мудири шӯъбаи Китобхонаи миллӣ ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ шомил мебошанд. Вохӯриро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, намояндагонро муаррифӣ намуд. Директори Китобхонаи миллӣ Назарзода Сайфиддин дар баромади худ қайд намуд, ки Сарвари давлати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мо сулҳ овард. Сиёсат ва амалӣ кардани он осон набуд, халқи сулҳдӯсти тоҷик ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намуда, як давлати осоишта ва оромро ташкил дод ва ин давлат ташаккул меёбад. Устоди ДМТ Идиев Файзалӣ дар баромадаш қайд намуд, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок шуданд ва пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ санаи 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон низ ташкил гардид, ки то ба имрӯз фаъолият дорад. Дар музокира Бобоҷонов Бобоҷон директори МТМУ №22 деҳаи Анзоб баромад намуда, қайд кард, ки мо шукрона аз он мекунем, ки Пешвои миллат ба халқи азиятдидаи тоҷик сулҳ овард ва мо имрӯз дар фазои озоди Ватани обод хушбахтона зиндагӣ дорем, зеро сулҳ бошад халқ низ осуда зиндагӣ мекунад. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ аз номи иштирокчиёни вохурӣ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд намуд, ки дар ҳама деҳаҳои ноҳия гуруҳҳои тарғиботӣ доир ба “Соли ҷавонон” ва 20-солагии Ваҳдати Миллӣ корҳои фаҳмонидадиҳиро пурзӯр менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: