Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ6-06-2017, 14:30
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
![]() АШТ. Дар Муассисаи давлатии театри мусиқӣ драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ А. ва раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Б. ширкат варзиданд. Маҷлиси муассисонро собиқадори ҳизб Холов Ҳ. оғоз бахшида, ёдовар гардид, ки имрӯзҳо 18 нафар аъзои ҲХДТ дар театр фаъолият мебаранд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бо мақсади муттаҳид намудани аъзои ҳизб ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ҳизбӣ дар назди муассиса ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шавад. Ҳамин тариқ, тариқи овоздиҳии аъзоёни ҳизб дар назди Муассисаи давлатии мусиқӣ драмавии ба номи М.Воҳидов ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Театри Маҳмудҷон Воҳидов» таъсис дода шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ Ёрматова Нодира интихоб карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зиёӣ Б. таъсиси ташкилоти ибтидоиро иқдоми нек арзёбӣ намуда, аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизбамон кӯшиш ба харҷ диҳанд. Муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ А. дар интиҳо ба сухан баромада, ин ташаббуси ҳизбиёнро дастоварди навбатӣ бахшида ба истиқболи 20-солагии баста гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ изҳор намуд. Бо ҳамин ҷаласаи муассисони ташкилоти ибтидоии «Театри Маҳмудҷон Воҳидов» кори худро ба анҷом расонид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.