
/АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Доналд Трамп рақами телефони мобилиашро ба роҳбарони кишварҳои ҷаҳонӣ медиҳад ва аз онҳо даъват менамояд, ки бо ӯ бевосита тамос гиранд. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба агентии «Associated Press» хабар медиҳад.
Чунин даъвати ғайриоддӣ ташрифоти дипломатиро вайрон мекунад ва боиси нигаронӣ нисбат ба амният ва махфияти паёмҳои сарфармондеҳи ИМА мегардад.
«Трамп роҳбарони Канада ва Мексикаро даъват намуд, ки бо ӯ тавассути телефони мобилӣ тамос гиранд», — иқтибос меорад агентӣ гуфтаҳои мансабдорони собиқ ва амалкунандаи Амрикоро.
Бино ба гуфтаи онҳо, аз ин пешниҳод танҳо сарвазири Канада Ҷастин Трюдо истифода кардааст. Трамп ҳамчунин бо президенти Франсия Эммануэл Макрон табодули рақамҳои телефонӣ кардааст.