Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Рӯзи ҷавонон» дар ноҳияи Панҷ

«Рӯзи ҷавонон» дар ноҳияи Панҷ

25-05-2017, 12:06
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
 «Рӯзи ҷавонон» дар ноҳияи Панҷ


Имрузхо дар тамоми кишвархои дунё, аз чумла дар ватани азизи мо Тоҷикистон ҷавонон нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи хаёт эътироф гардиданд.
Яке аз дастовардхои муҳим барои ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ_Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад.
Эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони мо боиси ифтихор ва сарфарозист.
Ба ин муносибат санаи 23 майи соли ҷорӣ дар хиёбони маркази ноҳияи Панҷ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» чорабинии хотирмон баргузор карда шуд. Дар ибтидоӣ чорабинӣ садҳо нафар ҷавонон бо шиору овезаҳо, парчамҳои ҳизбиву давлатӣ ва аксҳои Президенти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар даст дар хиёбони марказии ноҳия як ҳамоиши хубу дилнишине доир карданд.
Сараввал чорабиниро узви КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳия Сайфуддинзода М.К. ҳусни оғоз бахшида, боварии худро нисбат ба насли бунёдкору созандаи ҷавон изҳор намуд. Баъдан гирандагони идрорпулии президентӣ ва раиси ноҳия, ҳамчунин толибилмоне, ки ғолиби олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гаштаанд, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ноҳия сарафароз гаронида шуданд.
 «Рӯзи ҷавонон» дар ноҳияи Панҷ
Дар фарҷоми ин чорабинӣ баромади театрикунонидаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаи фарҳанги ноҳия пешкашӣ тамошобинон карда шуд.
Дар ташкил ва баргузор намудани ин чорабинии бошукӯҳ мақомоти иҷроияи ноҳия, бахши ҷавонони ноҳия, бахши ҷавонони КИН, шуъбаи фарҳанги ноҳия саҳмгузор мебошанд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: