Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ

Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ

23-02-2017, 10:13
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ
Панҷ. Рӯзи 22 феврали соли равон дар маркази ноҳияи Панҷ бо иқдоми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», фаъолони ҲХДТ ҳамоиши бошукуҳе баргузор гардид. Садҳо нафар ҷавонон бо парчаму овезаҳои «Мо ҳомиёни ин Ватанем», «Ватан бо мост-мо бо Ватанем» ва монанди инҳо дар либосҳои низомӣӣ саф орохта, баъди чанде аз шоҳроҳи марказии нохия бо замзамаи сурудҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ қадам заданд.
Дар ибтидо узви КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳия муҳтарам М.Сайфуддинзода баромад намуда, ҳозиринро ба ин иди мардонагиву шуҷоат табрик намуда, боварии хешро нисбат ба насли бунёдкору созандаи ҷавон, махсусан бо ҷавонони ватандӯсту меҳанпарвар изҳор намуд.
Дар охир аз ҷумлаи ҷавонон якчанд бозиҳои ҳарбӣ ва саҳнаҳои таҷасумгари ҳаёти ҳарбӣ-ватандӯстӣ буданд намоиш дода шуданд.
Бо кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони саховатманд ва фаъолони ҳизб ба қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди ноҳиябуда тӯҳфаҳои идона ва маводҳои хӯрока тақдим карда шуданд.


КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: