Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ

22-05-2017, 08:32
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ


Нимаи дуюми рӯзи 21 майи соли 2017 дар шаҳри Риёз дар ҳошияи нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ мулоқот доир карданд.

Дар мулоқот масоили вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Лубнон баррасӣ карда шуд.

Зимни вохӯрӣ, ки хеле самимӣ ҷараён гирифт, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар иброз доштанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои доғро, ки ба амнияти минтақа ва кишварҳо таҳдид мекунанд, муҳокима карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: