
ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии СММ оид ба мусоидат дар Афғонистон вобаста ба ҳодисаи ҳамла овардан ба кӯдакон, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Лағмон, қисмати шарқии Афғонистон содир шуда буд, изҳороти расмӣ қабул карда, ин ҷинояти мудҳишро маҳкум кард ва аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки барои такрор наёфтани чунин фоҷеа дар кӯтоҳтарин муддат тадбирҳои амалӣ татбиқ намоянд. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар додааст.
Намояндагии СММ оид ба мусоидат дар Афғонистон ҷонибҳои даргирро даъват кардааст, ки чораҳои заруриро барои кам шудани шумораи қурбониён аз ҳисоби аҳолии осоишта, хусусан кӯдакон амалӣ карда, ҳамчунин ҳарчи зудтар истифода шудани маводи таркандаро дар маҳаллаҳои аҳолинишин ба муқобили сокинони осоишта қатъ кунанд.
Дар изҳороти расмӣ омадааст, ки СММ дархост кардааст, ки ҷонибҳои даргир дар Афғонистон маводи таркандаи боқимондаро безарар ва нобуд сохта, амнияти сокинони осоиштаро таъмин созанд.