Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!»-ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб

«Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!»-ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб

3-05-2017, 09:05
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
«Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!»-ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб


КӮЛОБ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар Қасри фарҳанги шаҳр ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистони азиз!» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳою манзумаҳо бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ҳамоиш бештар китобҳое пешниҳод гардиданд, ки дар тӯли 20- соли Ваҳдати миллӣ рӯи чоп омада, дар он хизматҳои Пешвои миллат дарҷ ёфтаанд.

Иштирокдорони ҳамоиш атрофи мавзўъҳои «Андешаи миллӣ дар «Шоҳнома» ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Нақши Ваҳдат дар рушди фарҳанги миллӣ» ва «Ваҳдат- наҷотбахши миллат» иброз доштанд, ки дар муддати 20 соли Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дўстию рафоқат мустаҳкам гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум боло рафт. Дар ин давра Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба муваффақиятхои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатӣ сол ба сол қавитар мегарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: