Баррасии рушди мубодилаи ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистону Япония19-09-2016, 07:41
Хабарро хонданд: 421 нафар
Назарҳо: 0
Душанбе, /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Ҷамъияти консертии «Мин-он» Ҳироясу Кобаяши 14 сентябр баргузор гардид. Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо ба таври муфассал оид ба рушди мубодилаи ҳамкории фарҳангӣ тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак дар ин самт бо иштироки ҳунармандони ҳарду ҷониб табодули назар намуданд. Бояд зикр намуд, ки бо даъвати Ҷамъиятии консертии «Мин-он» Ансамбли рақсии «Зебо» дар гузашта ба шаҳри Токио сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Аз ин лиҳоз, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идома ва фаъолкунии ин анъана изҳор намуданд. Тарафҳо иброз доштанд, ки ташкили чунин сафарҳои ҳунарӣ саҳми худро ба пояи ҳусни тафоҳум ва таҳкими ҳамкории дуҷониба хоҳад гузошт. Масъалаҳои вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар оянда низ таъкид карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.