Дар рӯзҳои Наврӯз Хуҷанд гулпӯшу сарсабз хоҳад шуд21-03-2017, 10:45
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бо назардошти имконияти мавҷуда бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба корҳои гулшинонӣ ва ороишӣ дар майдонҳои шаҳр вусъати тоза дода шуда, барои гулпӯшу сабзпӯш намудани шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз бештар аз 1 миллион дона гулҳои орошӣ шинонда ва корида мешавад. Ҳамзамон шинондани ниҳолҳои сояафкан ва орошӣ низ дар кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят идома ёфта, тибқи маълумоти то ба имрӯз омодагашта, дар шаҳр 4 ҳазору 702 бех чунин ниҳолҳо шинонда шудааст. Дар мавсими имсола мутахассисон афзалияти бештарро ба ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкани навъи ёси ҳиндӣ, ёси форсӣ, ардач, сарвинози шарқӣ, сарвинози аризонӣ, санавбар ва пальма доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.