Барқияи табрикии Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон16-03-2017, 11:59
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
16.03.2017 10:30, шаҳри Душанбе
Имрӯз Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзе, ки дар соли 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуданд, робитаҳои самимӣ ва дӯстона доранд. Дар ин санаи хотирмони 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо, бо қаноатмандӣ мехоҳам ҳамкории наздику созандаи байниҳукуматӣ, ки бар ҳадафҳои муштараки мо дар ростои таъмини сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони мо ва инчунин назари яксони мо нисбат ба масъалаҳои глобалӣ асос ёфтаанд, таъкид намоям. Боварӣ дорам, ки муносибатҳои неки байни кишварҳои мо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Ман ҳамчунин мутмаинам, ки таҳти раҳбарии хирадмандона ва моҳиронаи Шумо ҳамкориҳои Малайзия ва Тоҷикистон беш аз пеш густаришу тавсеа хоҳанд ёфт. Ман омодагии хешро барои ҳамкории наздик бо Шумо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобилан судманди мардумони мо иброз менамоям». facebook twitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.