Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш

Барқияи табрикӣ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш

3-03-2017, 13:36
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният дастрас гардидани табрикоти самимии Шуморо ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид менамоям.

Шинохти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷараёни эътирофи истиқлолияти давлатии кишвари моро аз ҷониби дигар аъзои он вусъат бахшида, барои воридшавии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Мо нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварит худ баланд арзёбӣ менамоем.

Тайи солҳои сипаришуда имкониятҳои ин минбари умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди ибтикороти умдаи дархӯри ниёзмандиҳои ҳамаи башарият, бахусус дар соҳаи об, мавриди истифода қарор дошт.

Боиси қаноатмандист, ки ҳамшарикии мо бо сохторҳои фаръию махсусгардонидашуда ва агентию муассисаҳои он тадриҷан васеъ гардида, имрӯз дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор қарор доранд.

Изҳори итминон менамоям, ки ин санаи муборак ба марҳалаи ҷадиди рушди муносибатҳои мо ҳусни оғоз хоҳад бахшид.

Мо омодаем, ки ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ идома дода, дар раванди расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои он саҳми босазо гузорем»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: