Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пан Ги Мун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Пан Ги Мун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

26-12-2016, 10:42
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Пан Ги Мун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид номаи табрикӣ ирсол гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям. Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳает, 2005-2015" мусоидат менамояд.

Итминон дорам, ки даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зимни татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас мебозад”.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: