Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мусобиқаи ҳарбӣ- варзишӣ

Мусобиқаи ҳарбӣ- варзишӣ

23-02-2017, 10:25
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Мусобиқаи ҳарбӣ- варзишӣТибқи супориши Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи чорабинихои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» ва 24-солагии таъсисёбии Артищи миллӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд байни ҷавонон мусобиқаи харбӣ-варзишӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чунин иқдом тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, омода намудани онҳо ба мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ, ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар ин чорбинӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода, ҷонишини комиссириати ҳарбии вилояти Суғд полковник Давронҷон Солиҷонов, командири ботолёни қисми ҳарбии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ подполковник Ғайратҷон Маматов, иштирокчии барқароркунии сохти Конститутсионӣ Исмоил Содиқов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавсхон Саидов ва намояндаи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Маъруфзода Маъбуд ширкат варзиданд.
Дар ин мусобиқа 6 даста аз 6 факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз рӯи 8 намуд: бо қадами сафи гузаштан, вазнкашӣ дар турник, вазнбардорӣ (санги -16 кг), дастхобонӣ дар вазнҳои 52-56 ва 65-72, расонидани ёрии аввал ба ҷабрдида дар масофаи 60 м бо ниқоби газӣ, ҳаво додани норинҷак ба нуқтаи муайян, қату рост кардани даст аз фарш ва кашидани арғамчини даставӣ қуввапартоӣ намуданд.
Дар охир дастаи факултаи молия сазовори ҷои якум, факултаи бизнес ва идоракунӣ сазовори ҷои дуюм ва факултаи ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷои сеюм гаштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: