Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ӯзбекистон равуои бе раводид барои шаҳрвандони 27 кишварро 4 сол ба таъхир гузошт

Ӯзбекистон равуои бе раводид барои шаҳрвандони 27 кишварро 4 сол ба таъхир гузошт

26-01-2017, 09:54
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Ӯзбекистон равуои бе раводид барои шаҳрвандони 27 кишварро 4 сол ба таъхир гузошт
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо нашри як фармон санаи бекор кардани равуои бе визаро барои шаҳрвандони 27 кишвар, ки қарор буд, 1 апрели соли 2017 ба иҷро дарояд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузоштааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ибтидои моҳи декабри соли гузашта Шавкат Мирзиеёв қароре қабул кард, ки тибқи он сайёҳони 27 кишвари дунё метавонистанд, бе виза то 30 рӯз дар Ӯзбекистон бимонанд. Мирзиёев ба вазоратҳо ва идораҳои дахлдор супориш дода буд, то барои амалӣ кардани қарори мазкур омодагӣ бинанд.
Гуфта мешавад, ки қарори ба таъхир гузоштани равуои бе виза бо ҳадафи "рушди устувори фаъолияти сайёҳӣ ва таъсиси пойгоҳи зарурии моддиву техникӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва сиҳатии шаҳрвандони хориҷӣ", инчунин "рушди баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ" унвон шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар матни қарори президенти Ӯзбекистон омадааст, ки тасмими ба таъхир гузоштани равуои бидуни визаро мақомоти дахлдор гирифтаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: